Рӯзи душанбе, ҳамзамон бо охирин рӯзи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоби Сараево, осори баргузидаи ин давра аз намоишгоҳ дар 18 бахш мушаххас ва муаррифӣ шуданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Ҷоизаи беҳтарини асари тарҷумашудаи адабиёти ҷаҳон ба забони босниёӣ, сербӣ, хорватӣ ва баръакс дар сивушашумин давра аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Сараево, ба китоби тарҷумаи “Бӯстон”-и Саъдӣ ихтисос пайдо кард.
Ин китоб, ки бо ҳамкории Ройзании фарҳангии Эрон дар Босния ва Ҳерзеговин ва интишороти Доброкнигаи ин кишвар ва бо ҳимояти Маркази сомондеҳии тарҷумаву нашри маорифи исломӣ ва улуми инсонии Созмони фарҳангу иртибототи исломии Эрон ба забони босниёӣ тарҷума шуда буд, дар ин давра аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Сараево барои нахустин бор арза шуд. Ин асари фахрии адабиёти Эрон тавассути Муаммар Кудрич тарҷума шудааст.
Баргузории конфронси Саъдии Шерозӣ дар Бомбей
Хонаи фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бомбей ба муносибати Рӯзи бузургдошти Саъдӣ ва Рӯзи насри форсӣ, бо ҳамкории Созмони мардумниҳоди корвони урдӯ ва муҷтамаи фарҳангӣ-исломии Ҷимхона, конфронсе бо мавзӯи “Саъдии Шерозӣ” 21 апрел баргузор мекунад. Дар ин конфронс раёсати ҷаласа бар ӯҳдаи Рафеа Шабнами Обидӣ, нависандаву шоири ҳиндӣ ва меҳмони вижа Ҳасани Муҳсинифард, сарпарасти сарконсулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бомбей аст.
Абумуҳаммад Мушрифиддин Муслеҳ бин Абдуллоҳ бин Мушриф, мутахаллис ба Саъдӣ, шоир ва нависандаи эронӣ дар қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ буд. Аз алқоби вижаи ин шоири бузурги эронӣ метавон устоди сухан, подшоҳи сухан ва шайхи аҷалро баршумурд. Зебоии калому шевоии ӯ дар назму наср шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта ва забонзади ҳамагон аст. Ғазалсароии Саъдӣ дар мавриди ахлоқу ирфон бисёр зебо ва ҷаззоб аст. Ҳамаи осори Саъдӣ, ки шомили шеър ва наср мешавад, дар китобе ба номи куллиёти Саъдӣ ҷамъоварӣ шудааст, аммо дар ин миён ду асари ӯ ба номҳои “Бӯстон” ва “Гулистон” дар ду китоби мустақил омадаанд. “Бӯстон” ба назм ва “Гулистон” ба назм ва насри мусаҷҷаъ таълиф шудаанд.
342/
Your Comment